ЧӢ МУБОРАК АСТ ИН ҒАМ?...
Чӣ муборак аст ин ғам, ки ту бар дилам ниҳодӣ,
Ба ғамат, ки ҳаргиз ин ғам надиҳам ба ҳеҷ шодӣ.
Зи ту дорам ин ғами хуш, ба ҷаҳон аз ин чӣ хуштар,
Ту чӣ додиям, ки гӯям ту аз он беҳам надодӣ?
Чӣ хаёл метавон басту кадом хоби нӯшин,
Беҳ аз ин дари тамошо, ки ба рӯи ман кушодӣ?
Туӣ он, ки хезад аз вай ҳама хуррамию сабзӣ,
Назари кадом сарвӣ? Нафаси кадом бодӣ?
Ҳама бӯи орзуӣ, магар аз гули биҳиштӣ,
Ҳама рангию нигорӣ, магар аз баҳор зодӣ?
Зи кадом раҳ расидӣ, зи кадом дар гузаштӣ,
Ки надида дида ногаҳ ба даруни дил фитодӣ?
Ба сари баландат, эй сарв, ки дар шаби заминкан,
Нафаси сапеда донад, ки чӣ рост истодӣ?
Ба каронаҳои маънӣ нарасад сухан чӣ гӯям,
Ки нуҳуфта бо дили Соя чӣ дар миён ниҳодӣ?