Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

На зи ранҷу азоб метарсам,

На зи ранҷу азоб метарсам, На зи ҳоли хароб метарсам. Бими тӯфони мавҷҳоям нест, Аз хаси рӯи об метарсам. Бо замона ҳисоби ман пок аст, Аз ду-се каҷҳисоб метарсам. Аз сиёсат набошадам боке, Аз сиёсатмаоб метарсам. Дӯш гар бошитоб мерафтам, Ин замон аз шитоб метарсам. Дӯш аз ман шароб метарсид, Ман кунун аз шароб метарсам.