Соқиё, май деҳ, ки мурғи субҳи бом
Соқиё, май деҳ, ки мурғи субҳи бом
Рух намуд аз байзаи зангорфом.
Дар димоғи майпарастон бозкуш
Оташи савдо ба оби чашми ҷом.
Ё Раб, аз фирдавс кай рафт ин насим?
Ё Раб, аз ҷаннат кӣ овард ин паём?
Хотири Саъдию бори ишқи ту
Рокибе тунд асту маркубе ҷамом.
Ҷони мову дил ғуломи рӯи туст,
Сотгине, сотгине, эй ғулом!