АЗ БОМИ ҶАҲОН, АЗ НОМИ ҶАҲОН
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун!
Шамси Табрезӣ
Гарчи шуҳратманд чун Боми Ҷаҳонанд,
Кӯҳҳои мо ҷавонанд.
Аз замоне то замоне рӯзафзун
кӯҳҳо қад мефарозанд
зарра-зарра, зина-зина сӯи гардун.
Ҳар каси ноошно бо хилқати куҳсори мо
Авҷи солафзуни онҳоро намебинад, валекин
Дидаи таҳқиқ мебинад...
Миллати ман низ
бо нахустин шеъри дунё – бо «Авасто»
бо нахустин шоири дунёш – Зардушт,
бо ҳама фарҳанги рангин,
бо ҳама таърихи дерин,
дар масири рӯзгори сахту сангин,
чун асири сарнавишти талху хунин
боз ҳам чун кӯҳҳои худ ҷавон аст;
боз ҳам мисли заминаш
пуртаҳаммул, пуртааммул, пуртавон аст.
Тай шуд айёме, ки дар рӯи замин
хуни ӯ
чун рӯдҳояш соҳати маҷро надошт,
рӯҳи дарё,
ақли дарё,
ҳикмати машҳури дунё дошт, лекин
ин қадар паҳно надошт,
Ганҷҳо дар сина пинҳон кӯҳсораш
дастбаста, пойбаста чун худи ӯ будаанд.
Аз тулӯи Октябр
Кӯҳсораш низ бо ӯ
бандҳо, занҷирҳо аз дасту по бикшудаанд.
Октябр хуни ӯро тоза кард,
Соҳиби сад шуҳрату овоза кард,
Кӯҳи ӯ бо ганҷҳои синааш озод шуд,
Рӯҳи ӯ бо ганҷҳои маънавияш,
бо ҳама ганҷинааш озод шуд.