ЛОЛА
Кабоби шуълаҳои орзуям,
Хароби ин дили ҳангомаҷӯям.
Аз он хоке, ки хун обаш надода,
Ба ҷои лола гар бошам, нарӯям.
Зи ман, гӯ, лолаи хунинкафанро,
Ки рангин кардаӣ дашту даманро.
Валекин аз чароғи бефурӯғат,
На худро раҳнамун гаштӣ, на манро.
Раҳам пурпечу манзил дур карданд,
Ба танҳо рафтанам маҷбур карданд.
Дар ин водӣ ба манзил чун барам роҳ?
Чароғи лола ҳам бенур карданд.
Гиёҳе бо гиёҳи дигаре гуфт:
Чу лола гарчи моро рангурӯ нест.
Валекин лола аз мо нест беҳтар,
Ки нуре дар чароғи сарди ӯ нест.
Ало, эй лола, ҳамранги шарорӣ,
Ба монанди дили ман доғдорӣ.
Ман аз дамсардии ёрон фусурдам,
Бикун гармам аз он оташ, ки дорӣ.
Туро, эй лола, он доғи ҷигар беҳ,
Маро ин нолаҳои беасар беҳ.
Ҳунар хонанд мардум аблаҳиро,
Ҳунар гар ин бувад, ман беҳунар беҳ.