Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

УҚОБИ ТАШНА

Эй шеър, эй забони гулу хори дурдаст. Эй имтидоди қиссаи хунбори дурдаст. Оё шавад, ки боз аз ин дом барпарам? Ҳамчун уқоби ташнаи кӯҳсори дурдаст. Шӯям ғубори ҳодиса аз болҳои хеш, Дар чашмаҳои поку гуҳарбори дурдаст. Ман лоназоди ҷангали он сӯйи соҳилам, Побанди хотироти чаманзори дурдаст. Гунҷишки хонагии дилам хӯ гирифтааст, Бо сояҳои кӯчаки девори дурдаст. Бо сад ҳазор ришта гиреҳхӯрда ҳастиям, Бо раҳравони содаи бозори дурдаст. Эй духтарони шӯхи фалак, эй ситораҳо, Эй нозирони равшану бедори дурдаст. Оё хабар шудед, ки бар ман чиҳо гузашт, Вақте ки сӯхт сарву сафедори дурдаст.