ШАМЪ ВА СОЯ
Дӯш дар узлати ҷонфарсое,
Доштам ҳамдами равшанрое.
Шамъ он ҳамдами деринаи ман,
Сӯхтанҳоро ойинаи ман.
Ҳама шаб мӯнису дамсозам буд,
Ҳамдаму ҳамдилу ҳамрозам буд.
Гарм месӯхту месохт чу ман,
Мастии хеш ҳамебохт чу ман.
Гарчи оташ ҳама шаб дар тан дошт,
На фиғон дошту на шеван дошт.
Гарчи медод сари хеш ба бод,
Ханда мекарду ба по меистод.
То саҳар сӯхтане чун ман дошт,
Шаби торики маро равшан дошт.
Ҳама шаб сӯхту овоз накард,
Ба шикоят даҳане боз накард.
Шамъ аз сӯхтанаш парво нест,
Ки дар ин сӯхтан ӯ танҳо нест.
Марг агар охири ин раҳ чаҳи ӯст,
Низ парвонаи ӯ ҳамраҳи ӯст.
Беҳ аз ин чист, ки ду ёр ба ҳам,
Раҳ сипоранд сӯи мулки адам.
На яке монда гирифтору нажанд
В-он дигар рафта раҳо гашта зи банд.
Ман ба ишқи кӣ бисӯзам шабу рӯз,
Ба умеди кӣ бисозам дар сӯз?
Кӣ хӯрад ғам чу дароям аз пой,
Худ кӣ гиряд чу тиҳӣ созам ҷой?
Гар бисӯзанд пару боли маро,
Ки хӯрад ҳеч ғами ҳоли маро?
Шаби танҳоиву рӯзи ғами ман,
Кист ҷуз сояи ман ҳамдами ман?
Сояро дӯш ҳикоятҳо буд,
Шикваҳо буду шикоятҳо буд.
Қисса мегуфту парешон мегуфт,
Таб магар дошт, ки ҳазён мегуфт?
Кас шунидӣ сухани Соя шунуфт?
Ман шаби дӯш шунидам, мегуфт: