Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай муборак зи ту сабӯҳу сабоҳ

Ай муборак зи ту сабӯҳу сабоҳ, В-ай музаффарфар аз ту қалбу ҷаноҳ! Ай шароби таҳур аз кафи ҳур Бар ҳарифони маҷлиси ту мубоҳ! Ай кушода ҳазор дар бар мо В-ай бидода ба дасти мо мифтоҳ! Во намудӣ, ҳар он чи мегӯянд, Муъаззинон субҳ, фолиқ-ал-асбоҳ. Ҳар чи додӣ иваз, намехоҳӣ, Гарчи гуфтанд: “Ассалоҳу рабоҳ!”