ҚАЛБИ ҶАҲОН
Дасти қудрат чун ҷаҳонро офарид,
Обҳою хушкҳо омад падид.
Насли Одам хокро тасхир кард,
Ҳар нажоде маъмане таъмир кард.
Шермардон аз нажоди Ориё,
Ҷогузин гаштанд андар Осиё.
Шуд Хуросон маркази ҷанговарон,
Хонаи хуршеду меҳру ахтарон.
Зодгоҳи Золҳо, Суҳробҳо,
Арсагоҳи хезиши селобҳо.
Офтоби маънавӣ Мавлои Рум,
По ба ҳастӣ монд дар ин марзу бум.
Буалӣ Сино дар ин ҷо зода шуд,
Машъали дониш ба дасташ дода шуд.
Аз Саноӣ то ба Раҳмону Хутак,
Нест мумкин баршуморам як ба як.
Филмасал, он чилчароғи роҳи Шарқ,
Орифи соҳибдили огоҳи Шарқ.
Ҳазрати Иқбол, он марди бузург,
Дар бинои маърифат санге сутург.
Зодгоҳи родмардонро чу дид,
Қиссаи ҷанговаронашро шунид.
Бо забони хомаи сеҳрофарин,
Кард васфи мардуми моро чунин:
«Осиё як пайкари обу гил аст,
Миллати афғон дар он пайкар дил аст».
Солҳо бигзашт з-ин зебо баён,
Чархҳо зад Меҳру Моҳу Каҳкашон.
Аз шимоли рӯди Ому русҳо,
Душманони иффату номусҳо.
Парчами номардумӣ афроштанд,
По ба қалби Осиё бигзоштанд.
Тохтанду сӯхтанду рехтанд,
Обу нони мо ба хун омехтанд.
Хонақоҳу масҷиду меҳроб сӯхт,
Зодгоҳи Рустаму Суҳроб сӯхт.
Гарчи ҳар сӯ навниҳолон шуд шаҳид,
Сабза рафту лолазорон шуд падид.