АБРУ ВА ОФТОБ
Эй дили овораи расвошуда,
Эй ба ғурбат мондаву танҳошуда.
Эй зи ҳар оворае оворатар,
Эй зи ҳар бечорае бечоратар.
Эй шаҳиди бекасу хунинкафан,
Андалеби захмии дур аз чаман.
Эй шуда помоли ҳар бегонае,
Эй шуда вайрон зи ҳар вайронае.
Эй равоқи рафта аз ёди замон,
Эй қадат дар зери бори ғам камон.
Эй шабистони сиёҳи ноумед,
Рӯзи равшан дар ғурубат нопадид.
Сӯхтию барнаёмад нолишат,
Офарин бар сӯзишу бар созишат.
Гарчи дарди хеш пинҳон мекунӣ,
Дар хафо бинам, ки гирён мекунӣ.
Дар аён бо ину он дар хандаӣ,
Дар ниҳон аз хештан шармандаӣ.
Донам, эй дил, ранҷу савдоят зи чист?
Гиряҳои нимашабҳоят зи чист?
Ёдат ояд ҳамсафирони чаман,
Ёдат ояд базми ёрони куҳан.
Ёдат ояд гуфтаҳои Мавлавӣ,
Он гуҳарҳо аз китоби «Маснавӣ»:
«Он касе, ки дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш».
Гар саросар нек, ё бад дидаӣ,
Ҳар чӣ дидӣ, эй дил, аз х(в)ад дидаӣ.
Борҳо гуфтам, ки хомӯшӣ гузин,
Дидаат барбанду сӯи кас мабин.
Гӯ, надидам, ҳар чиро дидӣ зи кас,
Гӯ, наранҷидам, чу ранҷидӣ зи кас.
Гар бигӯяндат сухан гӯ, лол бош,
Дар хамӯшӣ хушдилу хушҳол бош.
Гар бихонандат, бигӯ, гӯшам кар аст,
В-ар биронандат, бигӯ, ин хуштар аст.
Гар бигӯяндат зи илмат баҳра чист?
Гӯ, маро аз ҳеч илме баҳра нест.