Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо,

То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо, Дар осмон дурахшид аз нав ситораи мо. Рамзошнои ишқем он қадр, к-аз сари сӯз Дил метапад шабу рӯз аз як ишораи мо. Он қадр дилпарастӣ кардем, то бидидем Мо пора-пораи дил, дил пора-пораи мо. Мо ошиқему ошиқ, бо ишқи дардҳояш Ҷунбондаанд гӯӣ бас гоҳвораи мо. Бигзор, пур шавад шаҳр, ин шаҳри хоколуд Аз розҳои пинҳон ё ошкораи мо. Холӣ мабод, эй кош, аз сӯзиши худодод Дилҳои пурмуҳаббат ё пуршарораи мо.