Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Содагӣ дилро асири фикрҳои хом дошт,

Содагӣ дилро асири фикрҳои хом дошт, То таҳайюр буд дар оина, акс ибром дошт. Гар намебуд орзу, ташвиши ҷонкоҳӣ набуд, Моҳиёнро ташнаи қуллоб ҳирси ком дошт. Аз адои абруят лутфи нигаҳ фаҳмидаем, Ин камон ранги фиреб аз равғани бодом дошт. Дил на имрӯз аз сафо фоли сабӯҳӣ мезанад Дар кудурат низ ин оина айши шом дошт. Мо зи худдорӣ абас хуни талабҳо рехтем, Дар садои боли бисмил офият пайғом дошт. Дил мусаффо кардан аз хешам ба тавфи ҷилва бурд, Оина бар дӯши ҳайрат ҷомаи эҳром дошт. Бепаруболӣ тапишфарсудаи парвоз нест, Ҳар касе ин ҷо ба қадри оҷизӣ ором дошт. Дар ниқоби ашкам охир ҳасрати дил қатра зад Ранги саҳбо пои гардидан ба табъи ҷом дошт. Чун арақ з-ин нақди исоре ки об аст аз ҳаё, Мо адо кардем, ҳар кас аз хиҷолат вом дошт. Баски, Бедил, бар табоеъ ҳирси шуҳрат ғолиб аст, Ҷонканиҳо санг ҳам дар орзуи ном дошт.