ТАСВИРИ МОДАР
Гирифтам номаҳои ҷонфизоятро,
Чаро ҳар бор мепурсӣ,
Ки дар ғурбат
Чӣ мебинам,
Чӣ мегӯям,
Чӣ тамрин мекунам модар?
Чӣ бинвисам?
Ки дар гирдоби ин дарё чӣ сон ғарқам,
Саҳаргоҳон,
Ки бо оина рӯёрӯй мегардам,
Зи шарми ҳарза дидан,
Ҳарза гуфтан,
Ҳарза рафтанҳо,
Ба чашму бар забону дасту пои хеш,
Нафрин мекунам, модар.
Забонамро паёме не,
К-аз он шамъи умеде дар шабистоне кунам равшан,
Ва чашмамро фароғе не,
Ки роҳи хешро аз чоҳ бишносам,
Ва поямро маҷоле не,
Ки баргардам ба оғӯшат.
Чу шаб аз ҳарзагардиҳо,
Ба сӯи ошёни хеш меоям,
Канори қоби тасвират,
Чароғе мекунам равшан,
Ва дилро,
бо хаёлоти ту таскин медиҳам модар.