Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳадиси ишқ шавад нола тарҷумонашу ларзад,

Ҳадиси ишқ шавад нола тарҷумонашу ларзад, Чу шишадил, ки кашад теғ аз миёнашу ларзад. Қиёмат аст бар он булбуле, ки аз адаби гул Пари шикаста кашад сар зи ошёнашу ларзад. Ба ҳар нафас задан аз дил тапиданест парафшон, Чу нохудо гусилад рабти бодбонашу ларзад. Ба ваҳшатест дар ин арса барқтозии фурсат, Ки пайки ваҳм занад даст дар инонашу ларзад. Бахунтапидаи забти шикастарангии хешам, Чу муфлисе, ки шавад ганҷи зар аёнашу ларзад. Агар ба хома диҳам арзи дастгоҳи заифӣ, Зи нол ришта кашад мағзи устухонашу ларзад. Зи сӯзи синаи ман ҳар кӣ вокашад сари ҳарфе, Чу набзи табзада бар худ тапад забонашу ларзад. Ба арсае ки шавад парфишон наҳеби хадангат, Фалак чу шаст бибӯсад зеҳи камонашу ларзад. Хаёли чини ҷабинат ба баҳр агар биситезад, Ба тан зи мавҷ давад раъша ногаҳонашу ларзад. Гудохт заҳраи наззора дурбоши ҳаёят, Чу шабраве, ки кунад бими посбонашу ларзад. Шикастарангии ошиқ агар расад ба хаёлаш, Чу шохи гул барад андешаи хазонашу ларзад. Ғубори ҳастии Бедил зи шарми бекасии худ Ба хок низ кунад ёди остонашу ларзад. Ҳадиси кокулу зулфи ту Бедил ар бингорад, Чу ришта тоб хӯрад хома дар банонашу ларзад.