Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ростӣ гӯям, ба сарве монад ин болои ту

Ростӣ гӯям, ба сарве монад ин болои ту, Дар иборат менаёяд чеҳраи зебои ту. Чун ту ҳозир мешавӣ, ман ғоиб аз худ мешавам, Баски ҳайрон мебимонам ваҳм дар симои ту. Кошкӣ сад чашм аз ин бехобтар будӣ маро, То назар мекардаме дар манзари зебои ту. Эй ки дар дил ҷой дорӣ, бар сари чашмам нишин, К-андар он байғула, тарсам, танг бошад ҷои ту. Гар маломат мекунандам, в-ар қиёмат мешавад, Банда сар хоҳад ниҳод, он гаҳ зи сар савдои ту. Дар азал рафтаст моро бо ту пайванде, ки ҳаст, Ифтиқори мо на имрӯз асту истиғнои ту. Гар бихонӣ, подшоҳӣ, в-ар биронӣ, бандаем, Рои мо суде надорад, то набошад рои ту. Мо қалам дар сар кашидем ихтиёри хешро, Нафси мо қурбони тусту рахти мо яғмои ту. Мо саропои туро, эй сарвтан, чун ҷони хеш Дӯст медорему гар сар меравад дар пои ту. В-ин қабои санъати Саъдӣ, ки дар вай ҳашв нест, Ҳадди зебоӣ надорад, хоса бар болои ту.