Парвона намешикебад аз дур
Парвона намешикебад аз дур,
В-ар қасд кунад, бисӯзадаш нур.
Ҳар кас ба тааллуқе гирифтор,
Соҳибназарон ба ишқи манзур.
Он рӯз, ки рӯзи ҳашр бошад,
Девони ҳисобу арзи маншур,
Мо зинда ба зикри дӯст бошем,
Дигар ҳаявон ба нафхаи сур.
Ё Раб, ки ту дар биҳишт бошӣ,
То кас накунад нигоҳ дар ҳур.
Мо масти шароби ноби ишқем,
На ташнаи Салсабилу Кофур.
Бим аст, шарори оҳи муштоқ,
К-оташ бизанад ҳиҷоби мастур.
Ман донаму дардманди бедор
Оҳанги шаби дарози дайҷур.
Охир, зи ҳалоки мо чӣ хезад?
Симурғ чӣ мекунад ба усфур?
Наздик намешавӣ ба сурат,
В-аз дидаи дил намешавӣ дур.
Аз пеши ту роҳи рафтанам нест,
Гардан ба каманд беҳ, ки маҳҷур.
Саъдӣ, чу муродат ангубин аст,
Воҷиб бувад эҳтимоли занбур.