Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз чарх бори миннат то кай тавон кашидан?

Аз чарх бори миннат то кай тавон кашидан? Бояд ба поймардӣ даст аз ҷаҳон кашидан. Тӯфон куну барангез гард аз бинои ҳастӣ, Домони мақсад охир хоҳӣ чӣ сон кашидан? Як нолаи сипандат аз ваҳм мераҳонад, То кай, ба ранги миҷмар дуд аз даҳон кашидан? Асбоб мефизояд бар ташнакомии ҳирс, Гулро зи ҷӯши об аст чандин забон кашидан. Эй ҳирси ваҳмпаймо, қатъи назар кун аз хеш, Ин роҳ тай нагардад, ғайр аз инон кашидан. Сайди заифи моро аз инқилоби парвоз Бояд ба ҳалқаи дом хатти амон кашидан. Оҳ аз ҳуҷуми пирӣ, дод аз ғами заифӣ, Ҳамчун камон зи хешам бояд камон кашидан. Гарди шикастаболам, парвози ман муҳол аст, Дорам саре ки натвон з-ин остон кашидан. Маҳви суҷуди шавқам дар ёди чашми масте, Аз ҷабҳаи хаёлам май метавон кашидан? З-он ҷилва ҳеҷ нанмуд оина ҷуз мисоле, Наққошро муҳол аст тасвири ҷон кашидан. Ку яъс, то намояд озодам аз ду олам, То чанд нози Юсуф аз корвон кашидан? Хокистарам ҳамон беҳ, к-аз шуъла пеш тозад, Марг аст доғи хиҷлат аз ҳамраҳон кашидан. Сад ранг шӯри мастӣ оинадори ҳастист, Натвон чу гул дар ин боғ соғар ниҳон кашидан. Бедил, диле зи оҳан бояд дар ин биёбон, То як ҷарас тавонам бори фиғон кашидан.