Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

МАН ҒАРИҚАМ...

Ман ғариқам, Ду соҳили уммед – Он яке мекашад ба соҳили чап, В-он дигар мекашад ба соҳили рост. З-ин «муҳаббат» ду дасти ман аз тан Мекананд он ду қотили уммед. Ҷисми ман меравад ба дарёе, Ки наёрад ба ёд дунёе...