Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Рафтам зи дасти худ ман, дар бехудӣ фитодам

Рафтам зи дасти худ ман, дар бехудӣ фитодам, Дар бехудии мутлақ бо худ чи нек шодам! Чашмам бидӯхт дилбар, то ғайри ӯ набинам, То чашмҳо баногаҳ дар рӯйи ӯ кушодам! Бо ман ба ҷанг шуд ҷон, гуфто: «Маро маранҷон!», Гуфтам: «Талоқ бистон!». Гуфто: «Бидиҳ!» «Бидодам!». Модар чу доғи ишқат медид дар рухи ман, Нофам бар он бурид ӯ, он дам, ки ман бизодам! Гар бар фалак равонам в-ар лавҳи ғайб донам, Ай ту салоҳи ҷонам, бе ту чи дар фасодам! Ай парда барфиканда, то мурда гашта зинда, В-аз нури рӯят омад аҳди аласт ёдам! Аз ишқи шоҳи парён чун ёва гаштам, ай ҷон, Аз хешу халқ пинҳон, гӯйӣ паринажодам! Табрези Шамси динро гуфтам: «Тано, ки бошӣ?», Тан гуфт: «Хок!»-у ҷон гуфт: «Саргашта ҳамчу бодам!».