Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Вазъи фалак он ҷо, ки ба як ҳол набошад,

Вазъи фалак он ҷо, ки ба як ҳол набошад, Ранги ману ту чанд сабукбол набошад? То вонигарӣ, рафтаӣ аз дидаи аҳбоб, Об он ҳама зиндонии ғирбол набошад. Гардан нафарозӣ, ка дар ин мазраи ибрат Чун дона саре нест, ки помол набошад. Дилро нафиребӣ ба фусунҳои таайюн, Ороиши ин оина тимсол набошад. Айбе батар аз лофи камолот надидем, Шарме, ки лабат ташнаи табхол набошад. Аз шукри муҳаббат дили мо бехабар афтод, Дар қаҳти вафо ҷурми маҳу сол набошад. Имрӯз гар инсоф диҳад доди табоеъ,354 Кас мунтазири Маҳдию Даҷҷол набошад. Эй оина, ҳар сӯ гузарӣ, муфти тамошост, Уммед, ки оҳет ба дунбол набошад. Домони карӣ гиру навои ҳама бишнав, То пеши ту соҳибғаразе лол набошад. Хиффат макаш аз халқу ба изҳори ғано кӯш, Ҳарчанд ба дасти ту зару мол набошад. Дар ҳар кафи хоке ки фитодем, фитодем, Паҳлӯи адаб қуръаи раммол набошад. Тар мекунад андешаи хушкӣ мижаамро, Мағзи қалами наргиси ман нол набошад. Озодагию сайри гиребон чӣ хаёл аст? Бедил, сари парвоз таҳи бол набошад.