Гар эътибор начидӣ бисоти фахрписандӣ,
Гар эътибор начидӣ бисоти фахрписандӣ,
Арақ ба ҷабҳа намебаст инфиоли баландӣ.
Ба ваҳм чашмат агар боз шуд, куҷост шуурат?
Ба ин ду сифр яке сад шудӣ, на чуну на чандӣ.
Набурдӣ огаҳӣ аз ибрати зиёди саринҳо
Ҳазор бор сари нохунат ба теғ фикандӣ.
Ҷаҳон ҳазор нигин канду рафт дар гави
ҳирмон,
Ту пушти даст ҳам аз нанги ин талош накандӣ.
Ҳаловатест ҷаҳонро ба завқи неъмати қисмат,
Асал нагуфт ба ҳанзал, ки дар хаёли чӣ қандӣ?
Дилат насӯхт нафас, то бароварад зи газандат,
Чу чашмзахм ҳамин гӯш бар садои сипандӣ.
Чаро паранди
саҳар бар ҳаво хаёл набофад?
Ту низ аз ду нафас риштанӣ сипеҳркамандӣ.
Дар ин фанокада ҳар сӯ хатост чашм кушудан,
Ба хонае ки набошӣ, чӣ лозим оинабандӣ?
Дигар чу шамъ чӣ гул чинӣ аз баҳори таайюн,
Ки сар зи по бадар орию як-ду обила хандӣ.
Агар ҳадиси ту, Бедил, навиди зиндагӣ орад,
Ба гӯши аҳли ҳасад чун паёми марг газандӣ.