Нест бе шӯри ҳаводис омадурафти нафас,
Нест бе шӯри ҳаводис омадурафти нафас,
Корвони мавҷ дорад дар шикасти худ ҷарас.
Боғи имконро шикасти ранг мебошад камол,
Эй самар, гар фурсате дорӣ, ба коми хеш рас.
То тавонӣ поси оби рӯйи соил доштан,
Худфурӯшиҳои эҳсон беҳ, ки нанмоӣ ба кас.
Эй адамовора, қайди зиндагӣ ҳам оламест,
Байза гар бишкаст, чун товус рангин кун қафас.
Мушти хуне ҳарзагарди кӯчаи зихми дилем,
Ҳайрат аст ин ҷо, ба ҷуз ибрат чӣ мегирад асас?
Дастгоҳи сифлахӯён мояи шӯру шар аст,
Холӣ аз арзи танине нест парвози магас.
Чун ба огоҳӣ расидӣ, гуфтугӯҳо маҳв гир,
Нест манзил ҷуз биёбонмаргии шӯри ҷарас.
Бе ғуборе нест, ҳар ҷо мушти хоке дидаем,
Шуд яқин, к-аз баъди мурдан ҳам намемирад ҳавас.
Чун ҳубобам, Бедил, аз вазъи хамӯшӣ чора нест,
Соҳиби оинаро лозим бувад поси нафас.