Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дасти ҷуръат дидам охир муғтанам дар остин,

Дасти ҷуръат дидам охир муғтанам дар остин, Ҳамчу шамъи кушта хобондам алам дар остин. Бо ҳама улфат чу мавҷ аз якдигар паҳлӯтиҳист, Оламе з-ин баҳр ҷӯшидаст рам дар остин. Ботини ин халқи кофаркеш бо зоҳир масанҷ, Ҷумла Қуръон дар каноранду санам дар остин. Доманафшон боядат чун мавҷ аз ин дарё гузашт, Чанд чун гирдоб бандӣ печухам дар остин? Шавқи бетобем, моро раҳбаре даркор нест, Ашк ҳар ҷо сар кашад, дорад қадам дар остин. Гар тааммул парда бардорад зи рӯйи ин бисот, Ҳар кафи хокест чандин ҷоми Ҷам дар остин. Дам задан шӯри қиёмат, хомушӣ ҳашри хаёл, Як нафас созу ду олам зеру бам дар остин. Панҷаи қудрат раҳини боддастиҳо хуш аст, То ба афсурдан нагардад муттаҳам дар остин. Дар ҷунун ҳам дастгоҳи кулфати мо кам нашуд, Нола урён асту дорад сад алам дар остин. Даъвии козиб гувоҳ аз хеш пайдо мекунад, Чун забон шуд ҳарзагӯ, дорад қасам дар остин. Саркашӣ дар тангдастиҳо мудоро мешавад, Судан аст ангуштҳоро сар ба ҳам дар остин. Баски, Бедил, ом шуд ифлос дар айёми мо, Нақши нохун ҳам намебандад дирам дар остин.