ЯГОНАГӢ
Бар санги гӯри тоза номе ҳаст,
Дорандаи ин номро ҳаргиз надидам ман.
Ин ҷо миёни сӯгворон ошноёнанд ва хешонанд
Ва мардумоне ҳам, ки чун ман
Дорандаи ин номро ҳаргиз надиданду намедонанд.
Аммо
Ҳар касе, ки ин ҷо ҳаст,
Бо хашму фарёде гираҳ дар мушт,
Медонад, ки ӯро кушт.
Бар гирди гӯри тоза ҷамъе сӯгворон аст,
Дигар касе ин ҷо намепурсад:
Ин хуфта дар хок аз куҷо ва аз кадомон аст?
Медонанд:
Ӯ фарзанди Эрон аст.