БАРФИ ИНТИЗОР
Биё, ки бе рухи ту равнақи баҳор шикаст,
Дарахти сабри маро барфи интизор шикаст.
Зи боғ васли гуле гар шабе насибам шуд,
Бибин, зи ҳаҷр ба пои дилам чи хор шикаст.
Шикасташиша накӯбад касе дубора ба санг,
Дили шикастаи ман бин, ки бор-бор шикаст.
Ба санглохи ҳаводис чунон дарафтодам,
Ки тор-тори танам ҳамчу зулфи ёр шикаст.
Чӣ офате ба хароботиён фурӯ борид,
Ки даф дарида шуду гардани дутор шикаст?
Зи сангбозии тифлони нохалаф, афсӯс,
Нигини номи ниёкони номдор шикаст.
Чароғи шеър барафрӯз дар барам, Фонӣ,
Ки шамъдони умедам ба шоми тор шикаст.