Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ОДАМҲО

Ҳой, одамҳо! Эй гулӯи кӯчаҳоро коматон ханҷар, Эй сукуни хоби шаҳр аз дастатон н-ором, Эй танӯри худсариҳоро шумо ҳезум, Эй ҳузури душманиҳоро шумо пайғом. Эй намуда душманӣ бо хеш аз оғоз то анҷом. Эй ба пои худ равон то партгоҳи бесаранҷомӣ. Эй ба дасти худ ба роҳи худ густурда ҳазорон дом. Ин шумоед, он ки Яздон, Ашрафи махлуқи хешаш хонд. Ин шумоед, Он ки ҳар ҷо ҳастиеро дид барҳам зад. Ин шумоед, он ки базри кина дар рӯи замин афшонд, Ин шумоед, он ки ҳар ҷо қомате болид, бишкаст, Ин шумоед, он ки ҳар ҷо ҷангале рӯид ӯ сӯзонд, Шарматон аз номи Одам бод! Ҳеч мӯре лонаи мӯрони дигарро намесӯзад, Ҳеч море синаи морони дигарро, Чун шумо бо тири заҳрогин намедӯзад. Морҳо ҳатто аз рамузи ишқ варзидан хабар доранд, Мӯрҳо ҳамнавъи худро дӯст медоранд. Эй шумо девонаҳои баста дар занҷири доноӣ, Чашматон боз аст, Лекин Зеҳни бегона бо мафҳуми биноӣ, Ишқро аз морҳо бояд фаро гиред,