Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

АРМУҒОН

Боз аз ишқат ҳадисе бар забон овардаам, Шамъсон оташ ба лаб ҷои фиғон овардаам. Гуфтӣ: «Ҷонатро ба лабханде ситонам, гар диҳӣ», Ман ба қурбони лабонат, ройгон овардаам. Гулбуни дардам, ки барги ишратам ҷуз яъс нест, Дар баҳори зиндагӣ ранги хазон овардаам. Дар фазои хилвати дил бар умеди ҷилваат, Аз ҳуҷуми доғи ҳасрат Каҳкашон овардаам. То чӣ гул резад ба пирӣ орзу дар доманам, Дар ҷавонӣ ин қадарҳо армуғон овардаам. Фонӣ, чун абри баҳор ин гиряи мо айб нест, Судҳо аз файзи чашми дурфишон овардаам.