Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ТОҲИР ВА ЗУҲРА

ПАРДАИ I Намоиши I Боғи Зуҳра, саҳари фасли баҳор. Дар боғ дарахтони гуногун гул кардаанд. Дар як тарафи боғ хонаи Тоҳир ва дар дигар тарафи боғ хонаи Зуҳра муқобили ҳамдигар воқеъ гардидаанд. Зуҳра бо дугонаҳояш ба сайри боғ мебарояд. Тоҳир дар айвони хонаи худ хобидааст. Суруд (Дугонаи Зуҳра ) Баҳор омад, чаман дилхоҳи мо шуд? Зи сар то по тамошогоҳи мо шуд. Зи ишқи гул занад фарёд булбул, Магар дар ошиқӣ ҳамроҳи мо шуд? (Нақарот) Хор Баҳор омад, чаман дилхоҳи мо шуд, Зи сар то по тамошогоҳи мо шуд. Дугона Табассум карда гӯяд зери лаб гул, Ки: «Булбул ошиқи гумроҳи мо шуд». Ба дунё ишқ агар мебуд одил, Чаро пас ӯ ситамгар шоҳи мо шуд? Дили ошиқ месӯзад чу машъал, Шаби торики ҳиҷрон моҳи мо шуд. Магар аз ишқ моро офариданд, Ки маҳкам лойи он аз коҳи мо шуд. Xор Баҳор омад, чаман дилхоҳи мо шуд, Зи сар то по тамошогоҳи мо шуд. Зуҳра Маро як дам ба танҳоӣ гузоред. Чашми Зуҳра ба Тоҳир меафтад. Дугонаҳояш мераванд. Ӯ месарояд. Суруд Тоҳир, ту хоб кардӣ, Ҳай хоби боб кардӣ, Бархез, ки дили мо Бисёр об кардӣ.