БАРОИ ВАТАН
(Мактуби ҷанговарони тоҷик ба халқи тоҷик1)
Мавсими гармо буду меҳнат ба авҷ,
Ғайрати мо ҷӯшзанон мисли мавҷ.
Хоки Ватан – ғарбу шимолу ҷануб
Ҳосили чун нуқраю зар дода хуб:
Хӯшаи гандуму ҷави Украин,
Мавҷзанон оби Днепраш барин;
Бӯи хуши лимуи кафкозиён
Роҳати дил мешуду ороми ҷон:
Пахтаи тоҷик гул оварду бор –
Мисли арӯсони чаман дар баҳор;
Бурда сар аз шахтаи Донбасс ба моҳ
Хирмани ангишт – тиллои сиёҳ;
Аз дили Боку зада фаввораҳо,
Нефт - сияҳхуни санооти мо.
Ҳар дараву шаҳру деҳи ин диёр
Маскани шодӣ буду майдони кор.
Душмани молу ватану ҷони мо
Чашми ҳасад дӯхт ба даврони мо.
Гитлер аз ин роҳати мо доғ шуд,
Зоғи ало дар ҳаваси боғ шуд.
Ин мактуб дар моҳи апрели соли 1942 дар митинги ҷанговарон,
командирон ва коркунони сиёсии қисми ҳарбии рафиқон Тополев ва
Пӯлодов бо як овоз қабул карда шуда буд. Назмкунандагони мактуб: М.
Турсунзода ва А. Деҳотӣ.
Субҳдаме буду ҳаво беғубор,
Боди саҳар аз нафасаш файзбор.
Хуфта дар оғӯши фароғат ҳаёт,
Сокиту ором ҳама коинот.
Гоҳ дар ин хомӯшии дилписанд
Нағмаи мурғони чаман буд баланд;
Гаҳ зи каноре ба назар нопадид
Ғулғула поезди равон мерасид…
Тохт ба ногоҳ зи хоку ҳаво
Мӯру малахвор қӯшуни бало;
Гитлери чун аждари бедодгар
Бар Ватани мо бидаровард сар!
Ин хабари шум-асар ногаҳон,