Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДИЛСИЁҲ

Даъвии бисёр дорад дилсиёҳ, Шикваи такрор дорад дилсиёҳ. Аз забонаш гарчи мерезад асал, Зераш аммо мор дорад дилсиёҳ. Ҳам ба бедорию ҳам дар хоби шаб Қасди бад бо ёр дорад дилсиёҳ. Дар талоши шуҳрате зери бағал Теғи ҷавҳардор дорад дилсиёҳ. Дар паси сар ғайбат, аммо дар ҳузур Шаккарин гуфтор дорад дилсиёҳ. Сахт рӯяшро кашида пӯстак, На шараф, на ор дорад дилсиёҳ. Аз барои ӯ муқаддас чиз нест, Хонасӯз афкор дорад дилсиёҳ. Фатҳи кас гӯё шикасти ӯ бувад, Бухлу кин хирвор дорад дилсиёҳ. То ки дар ғафлат намонад рӯзу шаб, Дидаи бедор дорад дилсиёҳ. Нест дар олам даво худкардаро, Чун ниҳон кирдор дорад дилсиёҳ. Гар далели нав наёбад, аз алам Рӯ суи девор дорад дилсиёҳ. Охири кораш ба расвоӣ кашад, Бахти ноҳинҷор дорад дилсиёҳ.