Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ЧАШМИ МАН

Чашми ман серӣ надорад аз тамошои замин, Хоҳам аз мадди назар н-афтад ягон ҷои замин. Чашми ман хоҳад, ки бинад навбаҳорон бешумор, Борҳо бинад шукуфтанҳои гулҳои замин. Чашми ман маҳви ҷамолу ҳусни зан бошад мудом, Беҳ зи ҳусни зан набошад ҳусни зебои замин. Аз азал зан бо замин як гашт чун ду модарон, Бӯи зан ояд машомамро аз ақсои замин. Гар намешуд дасти зан, ҳусни замин пайдо набуд, З-ин сабаб гӯем занро маҳфилорои замин. Ҳокимият гар ба дасти зан саросар мегузашт, Мардҳоро бештар буд кайфи дунёи замин.