АФРИҚО!
Кӣ намедонад, ки Африқо куҷост,
Дар сари ин қитъа аз чӣ моҷарост.
Аз чӣ дар он ҷо бувад одамкушӣ,
Аз чӣ сӯзон аст он дар оташе.
Дар куҷои кӯраи арз аст он,
Аз чӣ шуд дар арсаи дунё аён.
Роҳи он наздик ё ки дур буд,
Аз чӣ то имрӯз он маҳҷур буд.
Ростӣ, ки буд ин қисми ҷаҳон
Аз нигоҳи чашми инсонӣ ниҳон.
То ба он ҷо роҳ хеле дур буд,
Дидани ин қитъа кори зӯр буд.
Симу зар онро чу истеъмор кард,
Дар миёни қитъаҳо девор кард.
Солҳо аз олам онро канда кард,
Канда карду дар ғарибӣ банда кард.
Ин замин гӯё ки чун мерос монд,
Аз барои истилогар хос монд.
Дар харита дидаро медӯхтем,
Дидаю бишнидаю месӯхтем.
Бод аз аҳволи он огоҳ буд,
Абри гирён ҳола гирди моҳ буд.
Ҷӯши уқёнуси Атлантик ҳам
Мавҷро мезад ба харсанги ситам.
То фалак мерафт фарёду нафир
Аз дили сӯзони Саҳрои Кабир.
Нил ҷон мешуд фасурда халқро –
Қатраобе ниммурда халқро.
Омаданд аз мулки африқоиён
Ҷонварон фасли баҳорон парзанон.
Аз замини мо ба худ ҷо кофтанд,
Манзили зебою хуррам ёфтанд.
Мегирифтанд аз ҳавои мо нафас
Дур аз сайёду аз банди қафас.
Мефиристодем бо паррандагон
Сӯи Африқо саломи дӯстон.
Солҳо рафтанд, даврон шуд дигар,
Қисмати фарзанди инсон шуд дигар.