Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ҚУРБОНИ ТУ БОШАМ

Ман дар ҳаваси чеҳраи хандони ту бошам, Дар банди сари зулфи парешони ту бошам. Аз лутф ишорат куну ман тохта бо сар Ду даст ба бар, гӯш ба фармони ту бошам. Гар ҷон талабӣ, зуд талаб кун, ки ба роҳат Ҷон бахшаму аммо ба ғами ҷони ту бошам. Гоҳе ту ситам созию гоҳе бинавозӣ, Ҷоно, ман аз ин кори ту ҳайрони ту бошам. Ленинобод – номи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд дар замони Ҳукумати Шӯравӣ. То кай зи паят ман давам, аз ман ту гурезӣ? Пеш о, санамо садқаву қурбони ту бошам. Офат ба баҳори гули рӯят нарасад ҳеҷ, То булбули шайдои ғазалхони ту бошам.