ОФАРИН
Офарин бодо шуморо, паҳлавонон, офарин!
Марду занҳои далери Тоҷикистон, офарин!
Шавқатон моро ба колхози шумо овардааст,
Эй сазоворони меҳру ҳурмату шон, офарин!
Рафта дар ҳифзи Ватан мардона фарзандонатон,
Бо писарҳои шумо мардони майдон, офарин!
Содиқона меҳнати колхозчиён афзун намуд
Қудрати ин мамлакатро, садҳазорон офарин!
Халқи оламро кунем озод аз зулми фашизм,
То ба мо гӯяд тамоми даври инсон офарин.