Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ГАНҶИНАИ СУРУДҲО

Замоне дар музофоти Хуросон Бапо бинмуд қасре дасти инсон. Чунон қасре ки машҳури ҷаҳон буд, Қалам ҳам оҷиз аз тасвири он буд. Ба зебоӣ дили инсонбаранда, Ба хеш афкори дунёро кашанда. Шавад то ин ки рӯи қаср гулгун, Дили соҳибҳунар гардид пурхун. Ҳунармандии дасти одамизод Ба ӯ шаъну шукӯҳи тоза медод. Дар он ҷо ҷамъ буданд одамоне, Ки ҳар як лоиқи фахри замоне: Яке наққоши Чинро мот карда, Ба мардум санъаташ исбот карда; Дигар аз ҳар гили беқадру қимат Бапо мекард як асбоби санъат. Ба ҳар ашё нафисӣ ҷилвагар буд, Нафисӣ санъати дасти ҳунар буд. Гумон мерафт, ки аз барги лола, Дар он ҷо сохтаст одам пиёла. Дар он ҷо духтарон бозанда буданд, Писарҳо мутрибу созанда буданд. Дари ҳикмат кушода саъдиёна, Сухан мегуфт ҳар кас шоирона. Дар он ҷо Рӯдакӣ чун рӯд бинвохт, Тамоми халқи олам гӯш андохт. Ғазалҳои равони ҷовидона Аз ӯ монданд дар олам нишона. Садо ояд ҳанӯз аз оби Ҷайҳун, Ки: «Шеъри Рӯдакиам кард мафтун». Абӯ Сино намедонист ҷуз ғам, Ки то гӯяд илоҷи дарди одам. Чу Фирдавсӣ забони назм бикшод Ҷаҳон аз қудрати Рустам хабар дод. Хулоса з-ин касон бисёр буданд, Ҳама хушфикру хушгуфтор буданд. Чунин қасре, ки машҳури ҷаҳон буд, Дабистони бузурги тоҷикон буд.