ГУЛ МЕКУНАД
Мамлакат аз ҳиммати меҳнаткашон гул мекунад,
Сабзу хуррам гашта боғу бӯстон гул мекунад.
Лола мерӯяд ба дашту чӯлҳои бесамар,
З-ин сабаб рухсораи колхозчиён гул мекунад.
Обҳо ғелида, рӯи марғзорон мераванд,
Ҳар ниҳоли пахтаи мо қадкашон гул мекунад.
Мерасад боди баҳори тоза аз оби канал,
Аз пайи Фарғона боғи тоҷикон гул мекунад.
Зиндагонии фараҳбахшанда дар ҳар хонадон,
Дар баҳори нозанини бехазон гул мекунад.
Рав, хиромидан гир, эй товус, эй булбул, саро,
К-ин Ватан беинтиҳо дар ин замон гул мекунад.
Дар баландӣ нест ғайр аз номи мо чизе баланд,
Шуҳрати мо аз замин то осмон гул мекунад.
Ҳеҷ медонӣ магар, эй офтоби шуълавар,
Равшании бахти мо партавфишон гул мекунад.
Зебу зинатҳои мулки мо бувад аз ҳад фузун,
Бол, эй табъам, ки шеъри шоирон гул мекунад.
Дасти қудратноки халқи мо Ватанро гул кунонд,
Бо ҳамин қудрат, яқин, фардо ҷаҳон гул мекунад.