Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ВОДИИ ҲИСОР

Солҳое, ки ман ҷавон будам, Бехабар аз гапи ҷаҳон будам. Бо ду чашми кушода дар олам Ҳар чӣ медидаму намедидам. Рӯзу шаб мегузашт бематлаб, Беқалам, бекитоб, бемактаб. Вақти ман сарфи беқарорӣ буд, Хокбозию харсаворӣ буд. Падарам хоб карда дар хона, Ким-чӣ мегуфт мисли девона. Буд оҳаш чу дуди оташдон, Чеҳрааш зард мисли барги хазон. Модарам буд тирарӯю карахт Мисли бебаргу бор шохи дарахт. Нолаву оҳашон ҳисоб надошт, Зиндагешон ба ҷуз азоб надошт. Дар ҷавонӣ чу ғунчаи беранг Ман дар он хона мешудам дилтанг. Хонамон буд дар Ҳисори қадим, Дар Ҳисори харобаи пурбим. Қалъае байни деҳа меистод, Даҳшатовар чу ҳайкали ҷаллод. *** Ҷониби кулбаҳои вайрона Чашм медӯхт худписандона. Зери он қалъа пур буд аз сарбоз, Пур зи сарбозҳои одамтоз. Як гурӯҳ одамон – ҷавону пир Даст дар пушту пой дар занҷир, Саҷдаи боргоҳ мекарданд, Марги худро нигоҳ мекарданд. Содалавҳона ман ба ин манзар Менамудам нигоҳ карда гузар. *** Рӯзе аз рӯзҳои фасли баҳор, Ки дили баччагон надошт қарор. Мо бурун зи деҳи Ҳисор шудем, Ҷониби дашти лолазор шудем.