БА ГУЛИ БОҒИ ТОҶИК
Чӣ гӯямат, ки азизам, туро дар он бинам,
Ба пеши хеш чу оина ҳар замон бинам.
Ту офтобию сайёрасон дигарҳоянд,
Даме ки чеҳраи ту байни духтарон бинам.
Агар ба боғ равӣ, боғ мешавад гулзор,
Ба пеши сарв равӣ, сарвро ҷавон бинам.
Муборакат шавад ин шаън, духтари тоҷик,
Туро шукуфтагули боғи тоҷикон бинам.
Миёни анҷумане гар шавӣ суханпардоз,
Забони хурду калон баста дар даҳон бинам.
Аз обрӯи ту назмам ҳамебарад сабзиш,
Ҳамеша номи ту шаҳбайти шоирон бинам.
Чи гуна бахт, ки хондию инженер1 шудӣ,
Туро кунун сабақомӯзи олимон бинам.
Ҳунар ба ҷои нигин омада дар ангуштат,
Бапо зи дасти ту ҳар ҷой сохтмон бинам.
Миёни халқ аҷаб соҳибэътибор шудӣ,
Ки номи бошарафат вирди ҳар забон бинам.
Намонд тоқати дурию дар суроғат ман,
Худат бигӯ, ки туро дар куҷо, чӣ сон бинам?
Даме ки ҳарду ба як ҷой рӯ ба рӯ гардем,
Зи хуррамӣ сари худро дар осмон бинам.
Инженер – муҳандис.