ОҲАНРАБО
(Тарона)
Он қадар дар дилписандӣ дилписандастӣ, Ватан,
Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан.
Ҳеҷ дар дунё надорад рангу бӯятро чаман,
Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан.
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.
ІІ
Аз бароят ҷон диҳад инсон агар, арзандаӣ!
Синаро созад ба ҳифзат гар сипар, арзандаӣ!
Дар адои хизматат тозад ба сар, арзандаӣ!
Аз сарат пошанд мардум симу зар, арзандаӣ!
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.
ІІІ
Дар фазоят чун кабӯтар доимо пар мезанам,
Сар ба полезат дарорад хук агар, сар мезанам!
Бар дилаш ҳамчун Сипоҳи Сурх ханҷар мезанам,
Чун табар, гӯё, ба фарқи ҳезуми тар мезанам!
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.
ІV
Аз нигоҳи меҳрангези даҳои беназир
Шод дар оғӯши пурҷӯшат чи барною чи пир.
Банда будӣ, лек Ленин гашт ёру дастгир,
Кард, озодат, намемонӣ дигар хору асир.
Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ,
Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ.