Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ҲУСН

Ёрро озод дидам дар миёни анҷуман, Анҷуман гул карда аз он моҳрӯи симтан. Он сиҳисарви равон бинмуд нутқи оташин, Мечакид аз лаъли рӯҳафзои ӯ дурри Адан. Ин ҳамон ҳуснест, ҳусни дилрабову дилнишин В-ин ҳамон ҳуснест, ҳусни пахтакору пахтачин. Ҳусни бо меҳнат қарину хонумонсӯзи адӯ Нест ҳусне дар ҷаҳон болотару беҳтар аз ин.