НОҚУС БАРОИ КӢ МЕЗАНАД?
Бонги ноқус дар дилам бархост,
Ман саросемавору хоболуд,
Ҷастам аз ҷо:
Чӣ буд, оҳ чӣ буд?
Рӯзи шодист, ё навои азост?
Ҳеч кас лаб ба посухам накшуд.
Бод ҷунбиду кушта шуд фонус,
Шаб гаронбору тира чун кобус,
Бонги ноқус дар дилам бархост.
Оҳ, мепурсам аз худ:
Ин чӣ навост,
Аз барои кӣ мезанад ноқус?