ТАСВИР
Хонаи холии танҳоӣ,
Мисли ойина бе тасвир,
Дар шаби танги шикебоӣ,
Аксе овехта бар девор,
Мисли ёде сабз,
Монда дар зеҳни шаби поиз,
Духтаре
Гардан афрошта бо бораш гесӯи баланд.
Писаре
Дар нигоҳаш ғами хомӯши падар.
Ва зане раъно, аммо дур
Дар шаби танги шикебоӣ марде танҳо,
Мисли ойина бе тасвир,
Холӣ хонаи танҳоӣ.
Сояи хомӯш,
Дар шаби танҳоӣ мегиряд.
Оҳ, ҳаргиз сад акс,
Пур нахоҳад кард,
Ҷои як замзамаи сокити поро бар фарш,
Ин ки ҳамроҳи ту мегиряд ойинааст,
Ту ҳамин чеҳраи танҳоӣ.