Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҶОИ ТУ КУҶОСТ

Рафтӣ, эй ҷону надонем, ки ҷои ту куҷост? Мурғи шабхони куҷоиву навои ту куҷост? Он чӣ бегонагиву ин чӣ ғарибест, ки нест Ошное, ки бипурсем сарои ту куҷост? Чӣ шуд он меҳру вафое, ки ман омӯхтамат, Аҳди мо бо ту на ин буд, вафои ту куҷост? Мардуми дидаи соҳибназарон ҷои ту буд, Инак, эй ҷон, нигарон бош, ки ҷои ту куҷост? Чӣ парешонам, аз ин фикри парешон шабу рӯз, Ки шабу рӯз куҷоиву куҷои ту куҷост? Ҳунари хеш ба дунё нафурӯшӣ, зинҳор, Гавҳаре дар ҳама олам ба баҳои ту куҷост? Чӣ кунӣ бандагии давлати дунё, эй кош, Ба худ оиву бубинӣ, ки Худои ту куҷост? Гарчи машшотаи ҳуснат ба сад оин орост, Санамо, ойинаи айбнамои ту куҷост? Зери сарпанҷаи гургему ҷигарҳо хун аст, Эй шубони дили мо, нолаи нои ту куҷост? Кӯҳ аз ин қиссаи пурғусса ба фарёд омад, Оҳу оҳ аз дили санги ту, садои ту куҷост? Дил зи ғамҳои гулӯгир гираҳ дар гираҳ аст, Соя он замзамаи гирякушои ту куҷост?