Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЧАШМЕ КАНОРИ ПАНҶАРАИ ИНТИЗОР

Эй дил, ба кӯи ӯ зи кӣ пурсам, ки ёр ку? Дар боғи пуршукуфа кӣ пурсад, баҳор ку? Нақшу нигори Каъба на мақсуди шавқи мост, Нақше баландтар задаем, он нигор ку? Ҷоно, навои ишқ хамӯшона хуштар аст, Он ошнои раҳ, ки бувад пардадор ку? Мондам дар ин нишебу шаб омад, Худойро, Он роҳбар куҷо шуду он роҳвор ку? Эй бас ситам, ки бар сари мо рафту кас нагуфт, Он пайки раҳшиноси ҳикоятгузор ку? Чанге ба дил намезанад имшаб суруди мо, Он хуштарона чангии шабзиндадор ку? Завқи нишотро маю соқӣ баҳона буд, Афсӯс, он ҷавонии шодигусор ку? Як шаб чароғи рӯи ту равшан шавад, вале Чашме канори панҷараи интизор ку? Хуни ҳазор сарви диловар ба хок рехт, Эй Соя, ҳой-ҳои лаби ҷӯйбор ку?