БАЙТУЛҒАЗАЛ
Ин ишқ, чӣ ишқ аст? Надонем, ки чун аст?
Ақл асту ҷунун асту на ақлу на ҷунун аст.
Фарзона чӣ дарёбаду девона чӣ донад?
Аз мастии ин бода, ки ҳаррӯз фузун аст.
Моҳест ниҳон бар сари ин баҳри парешон,
К-ин мавҷи саросема баланд асту нагун аст.
Ҳолею хаёлест, ки бар ақл ниҳад банд,
Ин турфа чӣ оҳуст, к-аз ӯ шер забун аст.
Он теғ куҷо буд, ки ногаҳ раги ҷон зад?
Пинҳон натавон дошт, ки ин ҷо ҳама хун аст.
Бо матлаъи абрӯи ту ҳуш аз сари ман рафт,
Пайдост, ки байтулғазали чашми ту чун аст.
Бо зулфи ту корам ба куҷо мекашад охир?
Ҳоло, ки зи дастам сари ин ришта бурун аст.
Соя, сухан аз нозукию хушбаданӣ нест,
Он бахт, ки мехостӣ аз вақт кунун аст.
Бо хилъати хокӣ талабӣ талъати хуршед,
Рухсора барафрӯз, ки ӯ ойинагун аст.