Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ЧАШМАИ ХОРО

Эй ишқ, машав дар хат, гӯ, халқ надонандат, Ту ҳарфи муаммоӣ, хондан натавонандат. Бегона гарат хонад, чун хештанат донад, Хуш бошу каромат дон, к-аз хеш биронандат. Дарди ту сиришти туст, дармон зи кӣ хоҳӣ ҷуст? Ту доми худӣ, эй дил, то чун бираҳонандат. Аз базми сияҳдастон, ҳаргиз қадаҳе мастон, Заҳр аст агар обе дар ком чаконандат. Дар гарданат аз ҳар сӯ, печида ғаме гесӯ, То дар шаби саргардон ҳар сӯ бикашонандат. Ту оби гувороӣ, ҷӯшида зи хороӣ, Эй чашма, макун талхӣ в-ар заҳр чашонандат. Як умр ғамат хӯрдам, то дар барат овардам, Гар ҷон бидиҳанд, эй ғам, аз ман наситонандат. Гар даст бияфшонанд, бар Соя намедонанд, Ҷони ту, ки арзонӣ гар ҷон бифишонандат. Чун мушки пароканда, олам зи ту оканда, Гар нофа ниҳон дорӣ аз бӯй бидонандат.