Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БА ПОЙДОРИИ ОН ИШҚИ САРБАЛАНД

Бувад, ки бори дигар бишнавам садои туро, Бибинам он рухи зебои дилкушои туро. Бигирам он сари зулфу ба рӯи дида ниҳам, Бибӯсам он сару чашмони дилрабои туро. Зи баъди ин ҳама талхӣ, ки мекашад дили ман, Бибӯсам он лаби ширини ҷонфизои туро. Каям маҷоли канори ту даст хоҳад дод, Ки ғарқи бӯса кунам боз дасту пои туро? Мабод рӯзии чашми ман, эй чароғи умед, Ки холӣ аз ту бубинам шабе сарои туро. Дили гирифтаи ман кай чун ғунча боз шавад, Магар сабо бирасонад ба ман ҳавои туро? Чунон ту дар дили ман ҷо гирифтаӣ, эй ҷон, Ки ҳеч кас натавонад гирифт ҷои туро. Зи рӯи хуби ту бархӯрдаам, хушо, дили ман, Ки ҳам атои туро диду ҳам лиқои туро. Сазои хубии нав барнаёмад аз дастам, Замона низ чӣ бад медиҳад сазои туро. Ба нозу неъмати боғи биҳишт ҳам надиҳам, Канори суфраи нону паниру чои туро. Ба пойдории он ишқи сарбаланд қасам, Ки Сояи ту ба сар мебарад вафои туро.