Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ШАБЕХУН

Бирасон бода, ки ғам рӯй намуд, эй соқӣ! Ин шабехуни бало боз чӣ буд, эй соқӣ?! Ҳолиё, нақши дили мост дар ойинаи ҷом, То чӣ ранг оварад ин чархи кабуд, эй соқӣ!? Дидӣ, он ёр, ки бастем сад умед дар ӯ, Чун ба хуни дили мо даст кушуд, эй соқӣ!? Тира шуд оташи яздонии мо аз дами дев, Гарчи дар чашми худ андохта дуд, эй соқӣ! Ташнаи хуни замин аст фалак в-ин маҳи нав. Куҳнадосест, ки бас кишта дуруд, эй соқӣ! Миннате нест, агар рӯзу шабе бешам дод, Чӣ аз ӯ косту бар ман чӣ фузуд, эй соқӣ!? Баски шустем ба хуноби ҷигар ҷомаи ҷон, На аз ӯ тор ба ҷо монду на пуд, эй соқӣ! Ҳақ ба дасти дили ман буд, ки дар маъбади ишқ, Сар ба ғайри ту наёвард фуруд, эй соқӣ! Ин лабу ҷом паи гардиши май сохтаанд, В-арна бе ин маю лаб ҷом чӣ суд, эй соқӣ!? Дар фурӯ банд, ки чун Соя дар ин хилвати ғам, Бо касам нест сари гуфтушунуд, эй соқӣ!