Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

МУЖДАИ ОЗОДӢ

Боғбон муждаи гул мешунавам аз чаманат, Қосидак ку, ки саломе бирасонад зи манат? Вақти он аст, ки бо нағмаи мурғони саҳар, Пару боле бикушоӣ ба ҳавои Ватанат. Хуни дил хӯрдану дилтанг нишастан то чанд? Дигар, эй ғунча, бурун ор сар аз пираҳанат. Обат аз чашмаи дил додаам, эй боғи умед, Ки ба сад ишва биханданд гулу ёсуманат. Бӯи пироҳани Юсуф зи сабо мешунавам, Мужда, эй дил, ки гулистон шуда байтулҳазанат. Бар лабат муждаи озодии мо мегузарад, Ҷони сад мурғи гирифтор фидои даҳанат. Дӯстон, бар сари паймони дурустанд, биё, Ки нагун бод сари душмани паймоншиканат. Худ ба захми табари халқ даромад аз пой, Он кӣ мехост аз ин хок кунад решаканат. Бишнав аз сабза, ки дар гӯши гули тоза чӣ гуфт: Бо баҳор омадӣ, эй беҳ зи баҳор омаданат. Бинишин дар ғазали Соя, ки чун ояти ишқ, Аз сари сидқ бихонанд ба ҳар анҷуманат.