ГИРЯИ ЛАЙЛӢ
Чашми гирёни ту нозам, ҳол дигаргун бубин,
Гиряи Лайлӣ канори бистари Маҷнун бубин.
Барнатобид ин дили нозук ғами ҳиҷрони дӯст,
Ё Раб, ин сабри каму он меҳнати афзун бубин.
Мондаам бо оби чашму оташи дил, соқиё,
Чораи кори маро дар оби оташгун бубин.
Рашкат омад нозу нӯши гул дар оғӯши баҳор,
Эй кушуда дасти яғмои хазон, акнун бубин.
Соя, дигар кори чашму дил гузашт аз ашку оҳ,
Теғи ҳиҷрон аст ин ҷо мавҷ-мавҷи хун бубин.